Ширкати байналхалқии Sloovo Ltd. имрӯз

Sloovo Ltd. — ин агентии тарҷумавии байналхалқист.

Мо бо принсипи мағозаи интернетӣ бо назардошти набзи шаҳри муосир, суръати ҳаёти мегаполис кор мекунем. Ҳамаи фармоишҳо фосилавӣ қабул, коркард карда мешаванд ва Шумо тарҷумаи омодаро дар вақт ва ҷойи лозимӣ мегиред. Тарҷумонҳои мо ба конфронсҳо мераванд, дар судҳо, муассисаҳои тиббӣ тарҷумаҳоро иҷро мекунанд. Дар интернет фикру мулоҳизаҳо нисбати моро хондан кофӣ аст, ва шумо дарк мекунед, ки мо бовиҷдонона кор мекунем. Ҳиссаи зиёди мизоҷони мо аз мо розиянд. Мо пайгири натиҷа ва муваффақият мебошем.

Дар ширкат ҳамаи хизматрасониҳоро танҳо профессионалҳои дӯсторанда ва донишманди кори худ иҷро мекунанд.

Ҳамаи кормандон — одамон бо маълумоти олии забоншиносӣ, бо таҷрибаи корӣ аз 3 сол мебошанд. Баъзеҳои онҳо дар хориҷа касбомӯзиро гузаштаанд, баъзеҳои онҳо дар ширкатҳои хориҷӣ кор кардаанд.

Эҳтимол, шумо дар бораи мо қаблан нашунида бошед, вале эҳтимол, бо натиҷаҳои корҳои мо шинос шуда бошед. Тарҷумаҳои моро дар соҳаҳои гуногун дидан мумкин аст: ҳуқуқшиносӣ, тиббиёт, истихроҷи нафт, сохтмон... Мо дастурамалҳо ба дорувориҳо, дастурамалҳо ба техника, контенти сомонаҳо, мақолаҳои гуногун ва ғайраро тарҷума мекунем.

Афзалияти асосии мо — ин он аст, ки мо махфият оиди онро, ки фармоишгар ба мо барои тарҷума кадом матнро медиҳад, нигоҳ медорем. Мо сиёсати махфияти худро ҳатман риоя мекунем.

Идораи тарҷумонии Sloovo Ltd. — муосир ва дорои технологияи баланд. Мо ҳар як лоиҳаро бодиққат пайгирӣ мекунем, самаранокии корро баланд мекунем, кӯшиш дорем, ки хатогиҳо камтарин бошанд.

Афзалияти асосии мо — обрӯи беиллат. Мо барои қаноатмандии мизоҷ тамоми кӯшишамонро ба харҷ медиҳем. Хизматрасониҳои мо оиди тарҷумаи матнҳо, сомонаҳо, маводҳо, ҳуҷҷатҳоро аз нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон фармоиш медиҳанд. Ба шарофати он, ки мо ширкати фаъолона рушдёбанда мебошем, мо ба кор хеле бодиққат ва ӯҳдадорона муносибат дорем, ҳамчунин имконияти пешниҳод намудани хизматрасониҳо бо нархи нисбатан муфид ва арзиши пасттарин бе нуқсони сифатро дорем. Шумо боварӣ дошта метавонед, ки шумо тарҷумаро дар вақташ ва дар намуди бояду шояд мегиред, ва мо барои хизматҳои расонидашаванда шартномаро пешниҳод карда метавонем, ки мутобиқи он ба сифат кафолат медиҳем. Мо имконияти пешниҳод кардани ҳисобнома бар ҳар як фармоишро дорем.

Барои иҷро кардани тарҷумаи санҷишӣ ҳангоми мавҷудияти мутахассис омодаем.

Барои ба Шумо пешниҳод намудани таҳфиф омодаем (аз маъмур нисбати имконияти таҳфифдиҳӣ саҳеҳ намоед).

Ба шумо тарҷума ба тоҷикӣ ё ки тарҷума аз тоҷикӣ лозим аст? Ба мо муроҷиат намоед.